| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Семинари бозомӯзӣ оид ба татбиқи Барномаи маҷмӯии рушди  тарбия ва маърифати экологии аҳолӣ барои солҳи 2021–2025
    Ахбор

    Семинари бозомӯзӣ оид ба татбиқи Барномаи маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолӣ барои солҳи 2021–2025 

    Ҳафтаи равон дар меҳмонхонаи «Парламент»-и шаҳри Хуҷанд  давоми ду рӯз бо иқдоми Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари омӯзишӣ таҳти унвони «Иттилоотонии роҳҳои татбиқи «Барномаи давлатии маҷмуии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2021-2025» баргузор гардид. Дар семинар масъулони татбиқи Барномаи мазкур, аз ҷумла намояндагони раёсатҳои маориф, тандурустӣ, кор бо ҷавонон ва варзиш, сайёҳӣ, кор бо занон ва оила, КҲФМГ, устодони донишкадаву донишгоҳо ва воситаҳои ахбори омма иштирок доштанд.

    Дар рафти семинар намояндаи  Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, САҲА, коршиносон, масъулони ташкилоти ҷамъиятии «Гурӯҳи ҷавонон оид ба муҳити атроф», Маркази Орхус дар шаҳри Хуҷанд, намояндагони  ташкилоту муассисаҳо, донишгоҳ ва донишкадаҳои вилоят иштирок намуда, вобаста ба  паҳлуҳои гуногуни Барномаи мазкур баромад ва рӯйнамоҳо намуданд.

    Нотиқон ба чунин андеша буданд, ки дар якҷоягӣ бо ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, воситаҳои ахбори омма ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар татбиқи Барномаи мазкур ба натиҷаҳои дилхоҳ ноил хоҳем гашт.

      

    Бозгашт