| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Семинари бозомӯзӣ доир ба мониторинги табиати ваҳшӣ ва ҳайвоноти ёбоӣ бо истифода аз технологияҳои информатсионии мобилии смарт нозирӣ (смарт патрулирование) доир гардид
    Ахбор

    Семинари бозомӯзӣ доир ба мониторинги табиати ваҳшӣ ва ҳайвоноти ёбоӣ бо истифода аз технологияҳои информатсионии мобилии смарт нозирӣ (смарт патрулирование) доир гардид

    27-28 июли соли 2021 дар шаҳри Душанбе семинари бозомӯзӣ бо иштироки 30 нафар мутахассисони соҳаи ҳифзи табиат ва ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшавада Кумита, Академияи миллии илмҳо, ҷангалбонон аз паркҳои миллии Сангвор ва Лахш, инчунин кормандони дигар зерсохторҳои Кумита семинар-тренинги омӯзишӣ ҷиҳати татбиқи нақшаи амали Конвенсияи гуногуногунии биологӣ баргузор гардид.

    Мақсади асосии семинар бозомӯзии мутахассисон ва нозирони ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда, паркҳои миллӣ ва ташкилотҳои илмӣ бо барномаҳои иноватсионии мониторинги муҳити зист, махсус баҳисобгирии ҳайвоноти ёбоӣ, аз ҷумла бабри барфӣ ва намудҳои шикории он, бо истифода аз технологияҳои замонавӣ буд.

    Дар рафти омӯзиш се нуқтаи ҳамбастаи омӯзиши мониторинг бо ҳам пайваста карда шуда, ки бо таври интерактивӣ бо усули барномаи НекстГис афгори ақида ва мубодилаи маълумот дар як лаҳза бо Москав-Душанбе-Сангвор гузаронида шуд.

    Барномаи мобилии смарт нозирӣ (NextGis) яке аз технологияҳои иттилоотӣ баҳогузорӣ ва таҳлили маълумотҳои ҳозиразамон барои мушоҳидаи олами ҳайвонот ва наботот, мониторинги ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда барои муайян кардани сифати кори нозирон ва баланд бардоштани самарабахшии фаъолиятҳои зидди қуруқшиканӣ имкониятҳои васеъро фароҳам меоварад.

    Дар семинар директори Маркази миллии гуногунӣ ва бехатарии биологӣ Акрамов У., ва кормандони Маркази миллии амалҳо оид ба ҳифзи муҳити зист Новикова Т., Шерматов Х., Мавлонов Н. дар якҷоягӣ бо мутахассисони Федератсияи Росия Эдуард Казаков ва Михаил Гусев тариқи маҷозӣ баромаду муҳокимаронӣ намудандДар рафти муҳокимарониҳо мушоҳида ва мониторинги табиат ва ҳайвоноти ёбоӣ, тарзи муайн намудани қонуншиканиҳо дар ҳудудҳои махсус табиии муҳофизатшаванда, тарзи харитасозӣ ва истифодаи домҳои банаворгирӣ (фотоловушка) дар мониторинги муҳити табиӣ ва баҳисобгирии ҳайвоноти ёбоӣ мавриди истифода қарор гирифтанд.

    Рузи дуюм 28 июли соли 2021 иштирокчиён семинари бозомӯзӣ ба мамнӯъгоҳи Ромит сафар намуда аз набототу ҳайвоноти ин мавзеъ шиносоӣ пайдо намуда, дар ҳолати саҳроӣ барномаи смарт нозириро истифода намуданд ва ҳар иштирокчӣ тавонист, ки шахсан аз барномаи дар телефонҳояшон насбгардида истифода намуда, маълумотҳои заруриро доир ба наботот ва ҳайвонот, гузаронидани мониторинг ва баҳисобгирӣ ворид намояд ва тарзи насб намудани домҳои банаворгириро омӯхта, маълумотҳоро дар барнома ворид намоянд.

    Дар анҷоми семинари бозомӯзӣ ҳамаи иштирокдорон бо сертификати мутахассиси соҳаи смарт нозирӣ сарфароз гардонида шуданд.



    Бозгашт