| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Семинар – вохӯрӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии об дар ноҳияи Айнӣ
    Ахбор

    Семинар – вохӯрӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии об дар ноҳияи Айнӣ

    Яке аз ҳадафҳои асосии мақомоти ҳифзи муҳити зист ин баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ дар бораи муҳимияти манбаъҳои обӣ, зарурати истифодаи сарфакоронаи он, инчунин раҳнамун сохтани ҷомеа ва ҳар фарди дурандеш ҷиҳати андешидани чораҳои фаъолона барои ҳифз намудани захираҳои об мебошад.

    Бо ин мақсад ҳар сол Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд ва зерсохторҳои он дар шаҳру ноҳияҳо бахшида ба ин санаи муҳими экологӣ чорабиниҳои гуногун, аз ҷумла семинар, вохӯрӣ, аксияҳои экологӣ бо ҷалби хусусан ҷавонон ва хонандагони муассисаҳои таълимӣ баргузор менамоянд.

    Ташаббуси бахши ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Айнӣ буд, ки дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 маркази ноҳия бахшида ба 22 март - Рӯзи байналмилалии об семинар – вохӯрӣ бо иштироки хонандагон ва омӯзгорон баргузор гардид.

    Дар рафти чорабинии мазкур дар бораи бори аввал ҷашн гирифтани ин ид, шинохта шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун кишвари ташаббускор оид ба масъалаҳои об, ба яке аз сарватҳои бебаҳои табиат маҳсуб ёфтани об, аз кӯҳҳои сарбафалаки кишвар ҳосил шудани қисми зиёди обҳои равони Осиёи Марказӣ, манбаи бузурги обҳои зулол, пиряхҳои бешумори куҳсорони кишвар, мавзӯи асосии имсолаи Рӯзи умумиҷаҳонии об, ки ба «Обҳои зеризаминӣ» бахшида шудааст, ҳамчунин дигар масъалаҳои вобаста ба дастрасии аҳолӣ ба оби ошомиданӣ ва ҳифзи экосистемаҳои нодири табиӣ баромаду маълумот пешкаши иштирокдорон гардид.

    Боиси қайд аст, ки дар интиҳо аз ҷониби хонандагони муассисаи таълимӣ оид ба то иди байналмилалии Наврӯз гузаронидани аксияи «Тозагии соҳил» дар доираи нақшаи чорабиниҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» тасмим гирифта шуд.


    Бозгашт