| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Семинар-машварат оид ба муқаррароти Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав
    Хабар

    Семинар-машварат оид ба муқаррароти Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав

    IMG_3247.jpg

    17 майи соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи бинои марказии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон семинар-машварат оид ба муқаррароти Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав баргузор гардид.

    Семинари машваратиро сардори Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва назорати Кумита Салимзода Шамсулло ифтитоҳ намуда, суханро барои баррасии масъалаи мавриди назар ба баромадкунандагон дод.

    Сипас, аз рӯи масъалаи мазкур Нурмуҳаммад Ҷамшед, муовини сардори Раёсати хизматрасонӣ ба андозсупорандагон, Шарипов Лутфулло, сардори шуъбаи Раёсати хизматрасонӣ ба андозсупорандагон ва Ғаффориён Мавлоно, мутахассиси пешбари КВД “Маркази барномасозии маъмурикунонии андоз”-и Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқаррароти Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав ба шарҳу рӯйнамоҳо баромад намуданд.

    Дар қисмати дигари семинари машваратӣ саволу ҷавоб сурат гирифта, баромадкунандагон ба саволҳои додашуда ҷавоби мушаххас гуфтанд. Ҳамзамон, ба Кумита якчанд адад аз китоби тозанашри Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим гардид. 


    Бозгашт