| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Сафари кории раиси Кумита Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон ба ВМКБ
    Ахбор

    Сафари кории раиси Кумита Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон ба ВМКБ

    19 марти соли равон дар арафаи Иди байналмиллалии Наврӯз аз тарафи раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Чумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур ва раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер дар шаҳри Хоруғ бинои нави Мудирияти минтақавии “Парки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар ВМКБ ифтитоҳ гардид.

    Бинои мазкур аз 2 ошёна ва 8 утоқи корӣ иборат буда, бо тарҳи муосир ва унсурҳои миллии шаҳрсозӣ бунёд гардидааст.

    Инчунин, аз тарафи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти наздиҲукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 600 адад дарахтҳои ҳамешасабз ба шаҳру навоҳии ВМКБ тақдим карда шуд, ки ин дар навбати худ ба тозагии экологӣ таъсири судманд мерасонад.

    Ҳамчунин, барои пешбурди фаъолияти пурсамар ба Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти ВМКБ як автомобили тамғаи “Тойота Ландкрузер” тақдим карда шуд. Бо камоли боварӣ гуфтан мумкин аст, ки ин тадбирҳо боиси беҳтар шудани фаъолияти нозирӣ ва ҳифзу нигоҳдории ҳайвоноту набототи нодирӣ Ватани азизамон мегардад.

       

     


    Бозгашт