| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Равнақи корҳо бахшида Иди баҳору наврӯз
    Ахбор

    Равнақи корҳо бахшида Иди баҳору наврӯз

                                                                    

    IMG_20220419_111129.jpg

    Бо дастури мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати мақсаднок истифодаи самараноки моликияти коммуналӣ мутобиқ ба қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе гармхона ва иншооти ёрирасони КВД ТИИ “Сабзкорӣ”-и шаҳри Душанбе ба Раёсатҳои истифодабари роҳҳои ноҳияҳои Сино дар масоҳати 5880 метри мураббаъ,  Исмоили Сомонӣ дар масоҳати 5440 метри мураббаъ, Фирдавсӣ дар масоҳати 4320 метри мураббаъ ва Шоҳмансур дар масоҳати 2592 метри мураббаъ  барои истифода дода шуд.

    Бо инобати таъмини гулгашту хиёбон ва кӯчаву боғҳо бо гулҳои мавсимӣ ва бисёрсола аз тарафи Раёсатҳои истифодабарии роҳҳои ноҳияҳои  мазкур дар гармхонаҳо гулҳои мавсимию бисёрсола, дарахтони ороишию сояафкан парвариш карда шуда, дар мавсими ниҳолшинони тирамоҳи соли 2022 ва баҳори соли 2023 дар мавзеъҳои муайяншуда мутобиқ ба талаботҳои агротехникӣ  шинонида мешавад.

    Вобаста ба истифодаи босамари заминҳо дар КВД ТИИ “Сабзкорӣ”-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, ки аз 3 қитъа ва дар масоҳати умумии 153, 92 га иборат аст, кишти тухмӣ ва парвариши гулҳои мавсимию бисёрсола, ниҳолҳои дарахтони ороишию сояафкан ва қаламчаи гулҳои бисёрсола тибқи талаботҳои агротехникӣ ва зери назари мутахассисон ба роҳ монда шудааст.

    Дар айни замон дар парваришгоҳҳои минтақаҳои мазкур дар палҳо 5400 дона ва дар заминҳои барои парвариш муайяншуда 7900 бех ниҳолҳои дарахтони можжевелник, санавбар, каштан, кипариси пирамидали, хуч, корнус, жимолост, акатсия, туя, қарағоҷ, буттаҳои суриягӣ ва гулҳои садбарг парвариш ёфта истодааст.

    КВД ТИИ “Сабзкорӣ”-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе тасмим гирифтааст, ки ба ифтихори Иди баҳору наврӯз дар гулгашту хиёбон ва боғҳои фарҳангу фароғатӣ гулҳои мавсимию бисёрсола ва дарахтони ороишию сояафканро шинонида, дар амалишавии барномаи ба шаҳри “сабз” табдил додани шаҳри Душанбе ҳиссагузорӣ намояд.

    Бозгашт