| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Расонидани кумак дар арафаи Ҷашни  Истиқлоли давлатӣ ба мактаби ҷумҳуриявии махсуси №1-и шаҳри Душабе
    Ахбор

    Расонидани кумак дар арафаи Ҷашни Истиқлоли давлатӣ ба мактаби ҷумҳуриявии махсуси №1-и шаҳри Душабе

     


    Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави сиёсати Роҳбари Олии мамлакат оид ба дастгирии шахсони ниёзманд, ятимону бепарасторон, пирону  барҷомондагон ва дигар шахсони осебпазири ҷомеа иқдоми навбатиро пеш гирифт. 

    Дар арафаи Ҷашни Истиқлоли давлатӣ ба мактаби ҷумҳуриявии махсуси №1-и шаҳри Душабе кумаки навбатӣ, ба мисли маводи хӯрока ва дигар маврди зарурӣ расонида шуд. Кумаки расонидашуда иборат аз 30 кг гушти чорво, 100 кг картошка, 100 кг пиёз, 500 кг сабзӣ иборат буд. Ҳамчунин ба муассисаи таълимии мазкур 4 обҷӯшони барқӣ (тефал), 50 адад коса, 50 адад табақи ошхӯрӣ, 50 адад бакал, ва 50 адад қошуқ  дастрас карда шуд. Ба ғайр аз ин, 50 адад фурӯзонакҳои каммасраф низ ба таълимгоҳи мазкур тақдим гардид.

    Хотиррасон мешавем, ки аз ҷониби мақомоти марказӣ ва маҳаллии Кумита дар ҷойҳо ба мактабинтернатҳо, хонаи пиронсолон, оилаҳои ниёзманд ва ғайра кӯмакҳои хайрхоҳона расонида шуда истодаанд ва ин амали нек дар оянда идома меёбад.


    Бозгашт