| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Рафти корҳои назоратӣ дар ноҳияи Шаҳритус
    Ахбор

    Рафти корҳои назоратӣ дар ноҳияи Шаҳритус

    Бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон оид ба шикояти сокинони кӯчаи И.Сомони-45 ҷамоати шаҳраки Шаҳритуси ноҳияи Шаҳритус гурӯҳи корӣ дар ҳайати сардори шуъбаи ҳифзи ҳавои атмосфера ва муомилот бо партовҳои Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон, мудири бахши ҳифзи муҳити зист, директори КДФ “Хоҷагии манзилию коммуналӣ”-и ноҳия, раиси ҷамоати шаҳраки Шаҳритус, раиси маҳаллаи И.Сомони-45, таъсис дода шуда дар маҳал корҳои назоратиро роҳандозӣ намуд.

    Дар натиҷа муайян карда шуд, ки бо қарори раиси ноҳияи Шаҳритус ҶДММ “Шоҳи Тус” барои амали намудани сохтмони бинои истиқоматии шашошёна бо ташкил намудани маркази хизматрасонӣ дар қитъаи замини мағозаи хусусии Ғафуров Сироҷиддин дар майдони умумии 653 метри мураббаъ қитъаи замин вогузор карда шудааст. Аммо ташкилоти мазкур маҳали сохтмонро ки дар майдони сайру гашти истиқоматкунандагони биноҳои сеошёнаи истиқоматӣ мансуб мебошад ба партовгоҳи боқимондаи хишту санг табдил додааст.

    Бо мақсади бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, аз тарафи бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Шаҳритус 1 техникаи борбардор ва 2 техникаи боркаш вобаста гардида, маҳалли мазкур аз ҳар гуна партовҳо тоза карда шуд.

    Баъди ба тартиб даровардани нуқтаи барои сохтмон ҷудо гардида аз тарафи гуруҳи кори санади махсус тартиб дода шуда барои минбаъд роҳ надодан ба чунин камбудиҳо ба масъулини корхонаву ташкилотҳои дахлдор пешниҳодҳои иҷроишашон ҳатмӣ дода шуд.

    Новобаста аз ин қайд кардан ба маврид аст, ки аз тарафи бахш дар маҳаллаи мазкур ҳар моҳе як ё ду маротиба аксияҳои экологӣ бо ҷалби сокнинони ҷамоати шаҳрак ташкил ва гузаронида мешавад.

      


    Бозгашт