| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Қонуншиканиҳо оид ба бурриши дарахтони нодири писта дар ҳудуди Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Қубодиён
    Ахбор

    Қонуншиканиҳо оид ба бурриши дарахтони нодири писта дар ҳудуди Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Қубодиён 

    Ҳангоми гузаронидани амалиёти фаврӣ аз тарафи сардори шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи олами наботот, ҳайвонот ва захираҳои моҳии Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Хатлон дар якҷоягӣ бо муҳандиси ҳифзи ҷангали Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали вилояти Хатлон ва нозири шуъбаи экологӣ ва сайёҳии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, санаи 2 ва 3 феврали соли 2022 дар ҳудуди кӯҳсорҳои минтақаи Қунғуротадир, дар мавзеъҳои Ойхотун ва Қумбел санҷиш гузаронида шуд.

    Дар натиҷаи санҷиш бурриши ғайриқонунии дарахтони нодири писта ба миқдори 33 адад ошкор гардид, ки дарахтон аз бехашон худсарона ва ғайриқонунӣ ба воситаи арраи бензинӣ ва табар бурида шудаанд, ки қутри кундаи дарахтонро чен намуда, ҳисоби зарари ба табиат расонидашуда ба маблағи 12992 сомонӣ ҳисоб карда шуд.

    Вобаста ба амали мазкур парванда тартиб дода шуда, ба Прокуратураи вилояти Хатлон барои чораандешӣ ирсол гардид. Аз тарафи Прокуратураи вилоятӣ нисбати мудири минтақа Усмонов Абдуразоқ ва ҷангалбон Раҳимов Зафар парвандаҳои ҷиноятӣ бо моддаи 234 қисми 1 Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гашта, дар ҳолати баррасӣ қарор доранд.

      


    Бозгашт