| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Омодагиҳо ба истиқболи Ҷашни Наврӯз ва баргузории аксияи “Тозагии соҳил” дар  ноҳияи Шаҳринав
    Ахбор

    Омодагиҳо ба истиқболи Ҷашни Наврӯз ва баргузории аксияи “Тозагии соҳил” дар  ноҳияи Шаҳринав     

                                                                    

    Шахринав.jpeg

    Тибқи маълумоти шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Шаҳринав ҷиҳати беҳдошти  муҳити зист, дар доираи иҷрои фармоиши раиси Кумита аз 30.12.2022, №5, инчунин қарори раиси ноҳияи Шаҳринав аз 03.01.2023,№5 ва бо мақсади дар фазои тозаву озода истиқбол гирифтани Ҷашни Наврӯзи ҷаҳонӣ дар ҳудуди ноҳияи мазкур аксияҳои “Тозагии соҳил- 2023” ташкил ва гузаронида шуда истодааст.  Аз ҷумла аксияи навбатӣ санаи 11 март  бо ҷалби беш аз 200 нафар сокинони маҳал  ва намояндагони корхонаю ташкилотҳо баргузор гардид, ки дар ин тадбири экологӣ 8 куб партовҳои сахти маишӣ аз ҷодаҳо гирдоварӣ ва ба партовгоҳи ноҳия бароварда шуд. Ҳамзамон, тавассути 4 адад техника ба масофаи 6 км соҳили каналу ҷӯйборҳо аз партов тоза карда шуд.

    Чунин чорабиниҳои экологӣ бо мақсади тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист дар ноҳияи Шаҳринав пайваста гузаронида мешавад.


    Бозгашт