| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Омӯзиши Паём дар муассисаҳои таълимии шаҳри Панҷакент
    Ахбор

    Омӯзиши Паём дар муассисаҳои таълимии шаҳри Панҷакент

    Дар асоси нақша-чорабинии бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Панҷакент, ҷиҳати тарғибу ташвиқи муҳтавои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ дар коллеҷи технологӣ ва инноватсионӣ,  муассисаҳои таълимии миёнаи умумии № 25-и шаҳраки Суғдиён, № 86 деҳаи Новичомоқ, № 81-деҳаи Чорбоғ  бо донишҷӯён ва хонандагон вохӯрӣ гузаронида шуд.

    Зимни вохурӣ намояндаи бахш зикр намуд, ки дар Паёми имсола бисёр масъалаҳои дар ҷомеаи имрӯза зарур, аз ҷумла масъалаҳои вобаста ба ҳифзи муҳити зист, тағйирёбии иқлим ва тадбирҳои мутобиқшавӣ ба  он инъикос ёфтанд.  Инчунин, доир ба татбиқи «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 - 2025» ва нақшаи чорабинии он   байни хонандагон ва донишҷӯён  маълумоти мушаххас  дода шуд.

      
    Бозгашт