| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Нахустин автомашинаҳои барқӣ дар соҳаи нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Душанбе
    Ахбор

    Нахустин автомашинаҳои барқӣ дар соҳаи нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Душанбе

    Рӯзи 10 январи соли равон дар пойтахти кишвар, дар натиҷаи татбиқи сиёсати давлатӣ оид ба соҳаи ҳифзи муҳити зист ва татбиқи нишондодҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, намоиши нахустин автомашинаҳои ҳамлу нақли барқӣ баргузор гардид. Бо ташаббуси шаҳрдории пойтахт ва яке аз ширкатҳои нақлиёти ҷамъиятӣ аввалин миқдори автомашинаҳои барқӣ ба шаҳри Душанбе ворид карда шуд.

    Ба гуфтаи намояндаи ширкат, дар марҳилаи аввал истифодаи 8 адад автомашинаи барқӣ ба нақша гирифта шудааст ва ба наздикӣ 100 адад мошини сабукрави навъи мазкур ворид мешавад. Намояндаи ширкати номбурда қайд намуд, ки автомашинаҳои барқии воридшуда аз Ҷумҳурии Халқии Хитой харидорӣ шуда, тамғаи ин автомашина Volkswagen Е-Lavida мебошад. Ин намуди тамға бесадо ва бо қувваи барқ ҳаракат менамояд. Батареяҳои он пур гашта, ба масофаи то 300 км роҳ меравад.

    Тавре, муовини раиси шаҳри Душанбе Фирдавс Саидзода қайд намуд, истифодаи автомашинаҳо ва троллейбусҳои барқӣ на танҳо аз назари иқтисодӣ, балки аз назари экологӣ низ судманд мебошад.

    Дар доираи татбиқи лоиҳаи «Шаҳри сабз», тибқи гуфтаи Саидзода Фирдавс, аз ҷониби мақомоти шаҳрдории Душанбе 104 адад троллейбуси бесим (15 км) харидорӣ карда шуд ва як адад троллейбуси барқии беалоқа (40 км) дар ҳолати санҷишӣ фаъолият менамоянд.

     

    Бозгашт