| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Мулоқоти раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист бо ҳайати Қатар
    Ахбор

    Мулоқоти раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист бо ҳайати Қатар


    7 июни соли 2022 мулоқоти раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон бо Вазири ҳифзи муҳити зисти Қатар Шайх Фолеҳ Носир Олӣ Сонӣ дар доираи Конфронси 2-юми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» баргузор гардид.

    Дар ҳошияи ин дидор ҷонибҳо масъалаҳои таҳкими равобити дуҷониба ва ҳалли масъалаҳои ҳифзи олами ҳайвонот ва набототи ваҳширо баррасӣ намуданд.

    Ҷонибҳо дар мулоқот доир ба дурнамои ҳамкориҳои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати ҳифзи муҳити зисти Қатар изҳори назар карданд.

     photo_2022-06-07_13-03-02.jpg  photo_2022-06-07_13-03-04.jpg photo_2022-06-07_13-03-08.jpg 


    Бозгашт