| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Миссияи шиносоии намояндагони Бонки Ҷаҳонӣ бо истгоҳҳои обуҳавосанҷии ноҳияи Варзоб
    Ахбор

    Миссияи шиносоии намояндагони Бонки Ҷаҳонӣ бо истгоҳҳои обуҳавосанҷии ноҳияи Варзоб

    Ҳафтаи гузашта зимни сафари худ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон Директори минтақавии Бонки Ҷаҳонӣ оид ба рушди устувор дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ ҷаноби Самеҳ Ваҳба, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализрда Баҳодур, Намояндаи доимии Бонки Ҷаҳонӣ ҷаноби Озан Севимли бо мақсади шиносоӣ бо фаъолияти истгоҳи обии Ҳушёрӣ ва стансияи обуҳавосанҷии Майхура, ки соли 2014  дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи Бонки Ҷаҳонӣ «Модернизатсияи хадамоти гидрометеорологии кишварҳои Осиёи Марказӣ» ба реҷаи худкорӣ гузаронида шуда буд, ба минтақаи Варзоб сафар намуданд.

    Ба меҳмонон чӣ тавр кор кардани ин ду объект нишон дода шуда, дар бораи хусусиятҳои кори иҷрошаванда маълумоти муфассал пешниҳод гардид. Аз ҷониби меҳмонон як қатор саволҳои техникӣ дода шуд, ки ба онҳо кормандони Агентии обуҳавошиносӣ ҷавобҳои мушаххас доданд. Инчунин, нақшаҳои имконпазири ҳамкориҳои минбаъда дар рафти ин вохӯрӣ қайд гардид.

    Ёдовар мешавем, ки мутахассисони Кумита ва Агентӣ ҳамасола ба қаторкӯҳҳои мамлакат бо мақсади омӯзиши қабати барф, масса ва зичии барф дар пиряхҳои асосии Тоҷикистон, аз ҷумла парвозҳои аэровизуалӣ ва экспедитсияҳои пиёдагард экспедитсияҳо мегузаронанд, ки маълумоти онҳо дар оянда ҳамчун маводи таҳлилӣ барои пешгӯии сатҳи об ва ҳолатҳои фавқулодаи эҳтимолӣ хизмат мекунад.

    IMG_20230212_094409.jpg IMG_20230212_095921.jpg                 


    Бозгашт