| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Мавриди истифода қарор додани бинои маъмурии бахши ҳифзи муҳити зист
    Ахбор

    Мавриди истифода қарор додани бинои маъмурии бахши ҳифзи муҳити зист

    Дар доираи сафари кории Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон бинои маъмурии бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Муъминобод баъди азнавсозӣ мавриди истифода қарор дода шуд. Дар назди ҳозирин Сарвазири мамлакат иброз дошт, ки бахши ҳифзи муҳити зист то ин замон бинои маъмурии худро надошт.

    Бо сиёсати созандаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сартосари кишварамон корҳои созандагию ободкорӣ дар давоми 30 соли Истиқлолияти давлатӣ роҳандозӣ гардид.

    Маълумот дода шуд, ки азнавсозии бинои маъмурии бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия дар соли 2021 оғоз гардида, апрели соли 2022 ба анҷом расидааст.

    Бинои мазкур бо тарҳи муосир ва сифати баланд бунёд гардида, дар кӯчаи И.Сомонии Ҷамоати шаҳраки Муъминобод ҷойгир мебошад. Дар он барои кормандон тамоми шароити корӣ фароҳам оварда шуда, ба симои шаҳрак ҳусни зебо илова намудааст.

        


    Бозгашт