| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Маъракаи ниҳолшинонӣ  дар  ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
    Ахбор

    Маъракаи ниҳолшинонӣ  дар  ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

    Бо мақсади дар сатҳи баланд гузаронидани корҳои ниҳолшинонӣ, кабудизоркунӣ ва солимгардонии муҳити зист, дар асоси нақшаи кории мақомоти ҳифзи муҳити зисти маҳал, иҷрои нақшаи чорабиниҳои тасдиқнамудаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар ҳудуди ҷамоати деҳоти ба номи Д. Холматови ноҳияи мазкур маъракаи кабудизоркунӣ рӯи даст гирифта шуд.

    Чорабинӣ бо иштироки аҳолии ҷамоати деҳот ҷараён гирифта, дар шоҳроҳи Хуҷанд - Ашт 250 бех ниҳоли дарахтони ороишиву ҳамешасабз шинонида шуд. Рафти маъракаи ниҳолшинонӣ ба тариқи телевизиони вилояти Суғд наворбардорӣ гардид. 

     
    Бозгашт