| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Маъракаи кабудизоркунӣ дар шаҳри Ҳисор
    Ахбор

    Маъракаи кабудизоркунӣ дар шаҳри Ҳисор

    Дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар шаҳри Ҳисор ҳашари кабудизоркунию ободонӣ ва маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор гардид. Да рафти ҳашари мазкур кормандони сохторҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр, муассисаи хоҷагии коммуналӣ, корхонаву ташкилот ва муассисаҳои таълимӣ беш аз 300 нафар фаъолона иштирок намуданд. Дар рафти маъракаи мазкур аз ҷониби иштирокчиён дар ду қисмати роҳи асосӣ ба маркази шаҳр ва дар минтақаи “Чойхонаи миллӣ” беш аз 500 бех дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд.

    Дар давоми мавсими кабудизоркунию ободонӣ шинонидани ниҳолҳои дарахтони сояафкану ороишӣ, гулҳои мавсимӣ дар ҳамаи минтақаҳои шаҳр пешбинӣ гардидааст.

     

    
    Бозгашт