| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Маҷлиси навбатии Ташкилоти ибтидоии  ҳизбии “Ҳифзи муҳити зист”
    Ахбор

    Маҷлиси навбатии Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ҳифзи муҳити зист”

    8 феврали соли ҷорӣ дар дастгоҳи марказии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ҳифзи муҳити зист” баргузор гардид. Дар маҷлис раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Сино Файзуллозода Заррина Файзулло иштирок намуд.

    Маҷлисро раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон оғоз намуда, суханро ба Заррина Файзуллозода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино дод.

    Тибқи рӯзномаи маҷлис Саидов С., муовини раиси Ташкилоти мазкур ҳисоботи ҷамъбастии фаъолияти Ташкилоти ибтидоии ҳизбии ҳифзи муҳити зистро дар соли 2021 ироа намуд.

    Инчунин, дар маҷлис Нақшаи кории Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ҳифзи муҳити зист” бо назардошти нуқтаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ ва тасдиқ гардид.

    Қобили зикр аст, ки аъзоёни ҳизби Ташкилоти номбурда дар ҳифзи муҳити зист, таъмини амнияти экологӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати экологии аҳолӣ баргузории чорабиниҳои оммавӣ, солимгардонӣ, ҷашнҳои миллӣ ва дигар корҳои давлатию ҷамъиятӣ баҳри рушду шукуфоии минбаъдаи Тоҷикистони азиз фаъолияти пурсамар доранд.

     


    Бозгашт