| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Кумаки моддӣ ба кормандони Кумита
    Ахбор

    Кумаки моддӣ ба кормандони Кумита

    Дар пайи амалигардонии иқдомҳои наҷибонаи Президенти мамлакатамон, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ғамхорӣ ва дасти  ёрмандӣ дароз намудан ба қишрҳои ниёзманди ҷомеа аз ҷониби роҳбарияти Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арафаи Иди саиди Қурбон ба кормандони Кумита, аз ҷумла фаррошону посбонон, алоҳида кормандони марказу муассисаҳои дастгоҳи марказии Кумита кумаки моддӣ расонида шуд.  Кумаки расонидашуда ба миқдори умумии  770 кг орд, 770 кг шакар ва 600 л равған  иборат буд.

    Чунин корҳои хайру шоиста аз амалҳои неки инсонӣ буда, аз мадди назар дур намемонад ва пайваста амалӣ мегардад.


    Бозгашт