| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Корҳои фаҳмондадиҳӣ бо деҳконон ва ронандаҳони нақлиётҳои кишоварзӣ
    Ахбор

    Корҳои фаҳмондадиҳӣ бо деҳконон ва ронандаҳони нақлиётҳои кишоварзӣ

    Ҳафтаи равон вохӯрии масъулони шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Турсунзода бо намояндагони хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ронандагони воситаҳои нақлиёти коркарди шолӣ баргузор гардид. Дар рафти вохӯрӣ оид ба ҳифзи ҳавои атмосферӣ ва риояи талаботҳои ҳифзи муҳити зист қайд гардид, ки дар ҷойҳои махсус, фаъолиятро дар хирманчойҳо ба роҳ монанд, дар ҳолати дар худуди аҳолинишин ва назди биноҳои маъмурӣ ва дигар корхонаҳо фаъолият намудан, ё ин ки сӯзонидани боқимондаи хошоки шолӣ   нисбати роҳбари хоҷагӣ ва соҳибони нақлиёти кишоварзӣ барои риоя накардани талаботҳои экологӣ протоколҳои маъмурӣ тартиб дода мешаванд.

    Дар рафти вохӯрӣ, инчунин фаҳмонида шуд, ки оид ба ҳаракат дар   шоҳроҳ ва роҳҳои дохилимаҳаллӣ бо чархони лойолуд ҳаракат кардан қатиъян манъ аст. Қайд гардид, ки ронандагони воситаҳои нақлиётҳои кишоварзиро мебояд пеш аз ҳаракат кардан дар роҳҳо чархҳоро тоза намуда, баъдан ба роҳ бароянд.

     


    Бозгашт