| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷлосияҳои Конвенсияи СММ оид ба гуногунии биологӣ (SBSТTA-24), (SBI-3), (WG-2020-3) дар шаҳри Женеваи Швейтсария
    Ахбор

    Иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷлосияҳои Конвенсияи СММ оид ба гуногунии биологӣ (SBSТTA-24), (SBI-3), (WG-2020-3) дар шаҳри Женеваи Швейтсария

    Кормандони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи 24-уми Мақоми ёрирасон оид ба масъалаҳои илмӣ-техникӣ ва технологӣ (SBSTTA-24), ҷаласаи 3-юми Мақоми ёрирасон оид ба татбиқи Конвенсия (SBI-3) ва ҷаласаи 3-юми Гурӯҳи кории Конвенсияи СММ оид ба гуногунии биологӣ (WG2020-3), ки аз 14 то 29 марти соли 2022 дар шаҳри Женеваи Швейтсария баргузор гардида истодааст, иштирок менамоянд.

    Ҷаласаҳои болозикр таҳти роҳбарии Президенти Конфронси Тарафҳои 15-ум ва Котиби иҷроияи Конвенсияи гуногунии биологӣ оғоз гардида, масъалаҳои раванди мониторинг дар чаҳорчӯбаи пас аз соли 2020 барои ҳифзи гуногунии биологии баҳрӣ ва соҳилӣ, гуногунии биологӣ ва кишоварзӣ, гуногунии биологӣ ва саломатӣ ва намудҳои бегонаи инвазивӣ мавриди муҳокима қарор дода шуданд. Инчунин, муҳокимаи масъалаҳои биологияи синтетикӣ, арзёбии хатарҳо ва идоракунии организмҳои тағйирдодашуда генетикӣ ва барномаи кории Платформаи байниҳукуматии сиёсати илмӣ оид ба гуногунии биологӣ ва хадамоти экосистемавӣ ба баррасӣ ва нақша гирифта шудаанд.

      


    Бозгашт