| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар сессияи Пленарии Мақомоти ёрирасон оид ба машварати илмӣ, илмию-технологии Конвенсияи гуногунии биологӣ
    Ахбор

    Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар сессияи Пленарии Мақомоти ёрирасон оид ба машварати илмӣ, илмию-технологии Конвенсияи гуногунии биологӣ   

    23 марти соли 2022 сессияи Пленарии Мақомоти ёрирасон оид ба машварати илмӣ, илмию-технологии Конвенсияи гуногунии биологӣ (SBSTTA-24) дар Женеваи Швейтсария баргузор гардид, ки дар он ҳуҷҷатҳо оид ба намудҳои инвазивӣ, гуногунии биологии баҳрӣ ва соҳилӣ, Барномаи глобалии гуногунии биологӣ пас аз соли 2020 ва Барномаи кории IPBES мавриди баррасӣ ва муҳокимаи иштирокдорон қарор дода шуданд.

    Ҷаласаро Президенти COP-15, Намояндаи Котиботи Конвенсия, ҷаноби Хесикион Бенитес ифтитоҳ намуда, ба иштирокчиён ҳуҷҷатҳои таҳиягардида барои баррасӣ ва муҳокима пешниҳод карда шуд.

    Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъсир ва таҳдиди намудҳои бегонаи инвазивӣ ба гуногунии биологӣ ва Барномаи глобалии чаҳорчӯбаи гуногунии биологӣ баъд аз соли 2020 таклифҳо пешниҳод намуд.


    Бозгашт