| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Ахбор
    img
    Ёддошти тафоҳум байни Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва Институти муҳити зисти Финляндия
    17 июни соли 2021 дар толори Кумита, ҷаласаи онлайнӣ ҷиҳати имзои Ёддошти тафоҳум байни Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институти муҳити зисти Финляндия SYKE оид ба рушди мониторинги сатҳи болои об дар Тоҷикистон тавассути идоракунии сифати об ва ҳамкорӣ (марҳилаи 2) баргузор гардид.
    Ахбор
    img
    Мизи мудаввар бо иштироки раисони маҳаллаҳо ва ҷавонон
    Бо ибтикори Раёсати ҳифзи муиҳити зисти ВМКБ тибқи нақшаи чорабиниҳо дар бораи амалигардонии Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025
    Ахбор
    img
    17 июн Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бо биёбоншавӣ ва хушксолӣ
    Биёбоншавӣ ва хушксолӣ мушкилоти дорои аҳамияти ҷаҳонӣ мебошанд, зеро онҳо барои ҳамаи минтақаҳои ҷаҳон таъсири ҷиддӣ доранд ва ҳалли онҳо амали муштараки ҷомеаи ҷаҳонӣ, алахусус Африқоро талаб мекунад. Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид 17 июн Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бо биёбоншавӣ ва хушксолиро дар моҳи декабри соли 1994 A / RES / 49/115 эълон кард. Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 декабри соли 1998 ба ин конвенсия шомил шудааст.
    Ахбор
    img
    Аксияи «Тозагии маҳал» ва “Тозагии соҳил» дар ноҳияи Шаҳристон
    Дар доираи нақшаи чорабиниҳо оид ба омодагӣ ба таҷлили ҷашнҳои дарпешистода, бо мақсади ҷалб намудани оммаи васеи аҳолӣ ба корҳои ободониву тозагии муҳити атроф дар мавзеи Хуррамдараи ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд аксияи “Тозагии маҳал” ва “Тозагии соҳил” доир гардид. Дар аксияҳои мазкур кормандони бахши ҳифзи муҳити зист, МД хоҷагии ҷангали ноҳия, бахши кор бо ҷавонон, аҳолии ҷамоатҳо, тақрибан 100 нафар иштирок доштанд.
    Ахбор
    img
    Бартараф намудани партовҳои бесоҳиб дар қадди роҳҳо
    Бо мақсади таъмини рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2012, №626 ва қарори раиси вилояти Суғд аз 8 феврали соли 2013, №31 «Дар бораи тартиби ошкор кардан ва баҳисоб гирифтани партовҳои бесоҳиб ва пешгирии ифлосшавии муҳити зист ва кам кардани ҳаҷми ҳосилшавии партовҳо» мақомоти ҳифзи муҳити зист мунтазам чораҳои заруриро андешида истодааст.
    Ахбор
    img
    Маҷлиси навбатии ҳарҳафтаина дар назди муовини Раиси Кумита
    14 июни соли ҷорӣ маҷлиси навбатии ҳарҳафтаина дар назди муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавлодод А. М. оид ба фаъолияти як ҳафтаи сохторҳои мақомоти соҳавӣ баргузор гардид.
    Ахбор
    img
    Амалиёти “Ҳавои тоза” дар шаҳри Панҷакент
    Мувофиқи нақшаи корӣ, бо мақсади кам намудани ихроҷи моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера аз тарафи кормандони бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд дар ҳамкорӣ бо кормандони БДА-и шаҳр дар кӯчаи Рӯдакӣ амалиёти «Ҳавои тоза» гузаронида шуд.
    Ахбор
    img
    Амалиёти назоратӣ дар шаҳри Хуҷанд
    Кормандони шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд ҳангоми гузаронидани амалиёти назоратӣ, муайян намуданд, ки ронандаи нақлиёти боркашонӣ Абдураҳмонов Насим, сокини ҷамоати Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, аз ҳудуди маҳаллаи 8-уми шаҳри Хуҷанд, бе ҳуҷҷатҳои дахлдор ва иҷозати мақомоти ҳифзи муҳити зист ба миқдори 1,5 м3 санги табииро барои истифодабарї гирифтааст.
    Ахбор
    img
    Таҷрибаи истеҳсолӣ дар шуъбаи назорати таҳлилии Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд
    Дар шуъбаи назорати таҳлилии Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд омӯзгорон ва донишҷӯёни факултети биология ва химияи МДТ «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» бо мақсади гузаронидани таҷрибаи истеҳсолӣ аз фаъолияти ташхисгоҳ шиносоӣ пайдо намуданд.