| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Ифтитоҳи бинои нави бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Бӯстон
    Ахбор

    Ифтитоҳи бинои нави бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Бӯстон

    Баҳри таъмини иҷрои бандҳои 256 ва 278-и қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нақшаи чорабиниҳо оид ба омодагӣ ба ҷашни сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сохтмони бинои нави маъмурии бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Бӯстон соли 2020 оғоз гардида, санаи 30 июли соли 2021 дар доираи ташрифи меҳмонони олиқадр ба вилояти Суғд бо иштироки Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Б.А. ва Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ифтитоҳ карда шуд. Майдони умумии ҷудогардида 6 сотиқро ташкил намуда, майдони зери бино 212 метри мураббаъ мебошад. Бинои бахш аз се ошёна иборат мебошад.

    Дар ошёнаи якум – маҷлисгоҳ, китобхона ва утоқи таҷҳизотҳои назорати аналитикӣ ҷойгир карда шудаанд. Маҷлисгоҳ бо 52 ҷойи нишаст, китобхона барои 1000 адад китобҳои адабиёти гуногун ва бо компютер таҷҳизонида шудааст, ки дар он китобхонаи шакли электронӣ насб гардидааст. Утоқи таҷҳизотҳои назорати аналитикӣ барои ҷойгиронии таҷҳизотҳои ченкунии сифати ҳавои атмосфера, об, хок ва радиатсия ҳамагӣ 8 адад таҷҳизот, ки ҷиҳати гузаронидани мониторинги экологӣ истифода карда мешаванд,.

    Дар ошёнаи дуюм – қабулгоҳ, утоқи кории мудири бахш ва сармутахассис, ҳамчунин ду адад утоқи корӣ барои мутахассисон ва бойгонӣ ҷойгир мебошанд. Ҳамаи ин утоқҳои корӣ бо лавозимотҳои зарурӣ барои фаъолияти мутахассисон, аз он ҷумла 4 адад компютер ва принтер таҷҳизонида шудааст.

    Ошёнаи сеюм ҳамчун меҳмонхона барои кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист ба ҳисоб рафта, аз чор ҳуҷра иборат мебошад. Ҳар як ҳуҷра бо ду ҷойи хоб, ҳамагӣ барои қабул ва ҷойгиронии 8 нафар омода гардида, бо ҳамаи лавозимотҳои зарурӣ таъмин карда шудааст.

    Дар ҳар як ошёна нуқтаи санитарӣ – гигиенӣ мавҷуд аст.

    Ҳамчунин, пеш аз даромади бинои бахш, саҳни ҳавлӣ кабудизору гулзор карда шудааст.


    
    Бозгашт