Фаъолияти семоҳаи Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Хатлон натиҷагирӣ карда шуд
8 апрели соли 2022 бо иштироки муовини якуми раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қиёмзода Зарафо Суфиҷон вобаста ба фаъолияти семоҳаи Сарраёсати ҳифзи муҳити зист ва шуъбаю бахшҳои он дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ҷаласаи корӣ баргузор гардид.
Дар оғоз сардори Сарраёсат Мусозода Шодӣ аз натиҷаи фаъолияти семоҳаи Сарраёсат ва шуъбаю бахшҳои он дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ҳисобот пешниҳод намуд. Аз ҷумла қайд карда шуд, ки дар семоҳаи аввали соли 2022 ба миқдори 1025 санҷиш аз ҷумла 95 санҷишҳои нақшавӣ ва 930 амалётҳои назорати давлатӣ гузаронида, барои ҷой доштани камбудиҳо ва беҳ гардонидани вазъи экологии иншоотҳои санҷидашуда 1924 пешниҳодҳо дода, аз онҳо 1455 пешниҳодҳои дода шуда, иҷро гардидаанд.
Барои боз ҳам тозаю озода нигоҳ доштан ва хурраму зебо гардонидани маҳалҳои аҳолинишин, роҳҳо, кӯчаю хиёбонҳо ва эмин нигоҳ доштани манбаҳои обӣ аз ифлосиҳо 148 маротиба аксияҳои «Тозагии маҳал ва роҳ» ва 67 маротиба «Тозагии соҳил-2022» бо ҷалби васеи кормандони соҳаҳои хоҷагии халқ ва аҳолии вилоят баргузор гардиданд.
Дар идомаи ҷаласа мудирони шуъбаю бахшҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳои Норак, Восеъ, Хуросон, Муъминобод ва Фархор оид ба фаъолияти се моҳаи худ ҳисобот пешниҳод намуданд.
Дар охир бо натиҷагирӣ аз фаъолияти Сарраёсати ҳифзи муҳити зист ва шуъбаю бахшҳои он дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ муовини якуми раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қиёмзода Зарафо Суфиҷон баромад намуда, ҷиҳати иҷрои саривақтии вазифаҳои ҳатмии хизматӣ ва бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ба масъулони соҳа дар як қатор шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.