| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Фаъолияти семоҳаи Кумитаи ҳифзи муҳити зист натиҷагирӣ карда шуд
    Ахбор

    Фаъолияти семоҳаи Кумитаи ҳифзи муҳити зист  натиҷагирӣ    карда шуд

    16 апрели соли 2022 таҳти раёсати раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур Ахмадҷон ҷаласаи ҳайати мушоварам Кумита вобаста ба фаъолияти семоҳаи Кумита ва зерсохтори тобеи он баргузор гардид.

    Бо маърӯзаи таҳлилӣ оид ба фаъолияти соҳавии семоҳаи аввали соли 2022 аз тарафи муовини аввали раиси Кумитаи Киемзода З. С баромад намуд.

    Дар муҳокимаи ҳисоботӣ гузориши роҳбарони мақомоти маҳаллӣ, аз ҷумла сардорони сарраёсатҳои ҳифзи муҳити зист дар ВМКБ, вилоятҳои Суғд ва Хатлон, Раёсати ҳифзи муҳити зист дар минтақаҳои Кӯлоб, Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе, Агентии обуҳавошиносӣ, МД “Ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда” ва дигар сохторҳои Кумита, маълумоти мушаххас оид ба камбудиҳои ҷойдошта дар семоҳаи аввали соли равон маълумот доданд.

    Раиси Кумита Шерализода Б. А. оид ба ҳар як самт, пешбурди назорати давлатӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати экологӣ, дигар фаъолияти соҳавӣ аз масъулон тақозо намуд, фаъолиятро то ҷамъбасти шашмоҳаи соли ҷорӣ ба таври зарурӣ боло бардоранд, дар сурати беэътиноӣ зоҳир намудан нисбати онҳо ҷазои интизомӣ татбиқ мегардад.

    Раиси Кумита махсус қайд намуд, ки дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ барои боз ҳам тозаю озода нигоҳ доштан ва хурраму зебо гардонидани маҳалҳои аҳолинишин, роҳҳо, кӯчаю хиёбонҳо ва тоза нигоҳ доштани манбаъҳои обӣ аз ифлосиҳо аксияҳои «Тозагии маҳал ва роҳ» ва «Тозагии соҳил-2022» бо ҷалби васеи кормандони соҳаҳои хоҷагии халқ ва аҳолии вилоят баргузор карда шаванд.

    Оид ба муҳокимаи ҷамъбасти фаъолияти Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва сохторҳои он дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ қарори дахлдор мушовараи қабул карда шуд, ки он барои иҷро ба мақомоти дахлдори соҳавӣ фиристонда мешавад.

      


    Бозгашт