Дар маҷлиси ҳарҳафтаинаи Раиси Кумита
6 сентябри соли равон таҳти раёсати муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавлодод А. М. маҷлиси навбатии ҳарҳафтаинаи раиси Кумита оид ба натиҷагирии фаъолияти сохторҳои мақомоти соҳавӣ дар ҳафтаи қаблӣ ва вазифаҳо барои ҳафтаи аз 6 то 10 сентябри соли 2021 баргузор гардид.
Муовини раиси Кумита Мавлодод А. М. рӯзномаи маҷлисро ба иштирокдорон шинос намуд ва сипас ҳисоботи таҳлили сармутахассиси Раёсати мониторинг ва сиёсати экологии Кумита Эшонов А. шунида шуд.
Баъдан, ҳисоботи пешниҳоднамудаи сохторҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуда, муовини раиси Кумита Мавлодод А. оид ба паст будани нишондодҳои самтҳои фаъолияти шуъбаю бахшҳои ҳифзи муҳити зисти баъзе шаҳру ноҳияҳо нисбат ба ҳафтаи қаблӣ нигаронӣ намуда, сардорони шуъбаҳои назоратии дастгоҳи марказии Кумитаро вазифадор намуд, ки бо шуъбаҳои фаъолияташон нокифоя корбариро дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монанд.
Инчунин аз ҷониби муовини раиси Кумита масъулони соҳавии иштирокдор вазифадор карда шуданд, ки иҷрои супоришҳои бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шударо пурра таъмин намуда, маҷлисҳои идонаро бахшида ба ин Ҷашни пурифтихори миллӣ дар сатҳи зарурӣ баргузор намоянд.
Пас аз гузориши сардорони воҳидҳои сохторӣ, муҳокимаи масъалаҳои рӯзнома, ироаи таклифу пешниҳодҳо қарори дахлдори маҷлис қабул карда шуд.