| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Дар маҷлиси навбатии ҳарҳафтаинаи Кумита
    Ахбор

    Дар маҷлиси навбатии ҳарҳафтаинаи Кумита 

    15 ноябр дар назди муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавлодод А. М. маҷлиси навбатии ҳарҳафтаина баргузор гашт. Дар он фаъолияти ҳафтаи аз 9 то 12 ноябри соли 2021 сохторҳои Кумита ва зерсохтори он мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

    Пас аз шунидани ҳисоботи таҳлилӣ муовини раиси Кумита Мавлодод А. М. камбудию норасоиҳои ҷойдоштаро баён карда, таъкид намуд, ки фаъолияти назоратӣ ва корҳои фаҳмондадиҳиро дар ҷойҳо пурзӯр намоянд. Ба сохторҳои Дастгоҳи марказии Кумита ва сохторҳои дигари он супорида шуд, ки оид ба омода намудан ва пешниҳоди ҳисоботи таҳлилии ёздаҳмоҳаи фаъолияти Кумита дар муҳлати пешбинигардида чораҳои имушаххас анедешанд.

    Ҳамзамон, ба масъулони сохторҳо супорида шуд, ки оид ба иҷрои босифат ва саривақтии мактубҳо, пешниҳоди ҳисоботҳои инфиродии кормандон, дигар ҳуҷҷатҳои идоравӣ, нақшаҳои корӣ, протоколҳои ҳарҳафтаинаи роҳбарияти Кумита диққати зарурӣ диҳанд.

    Дар охир, вобаста ба муҳокимаи масъалаҳои рӯзнома, таклифу пешниҳодҳо ва супоришҳои додашуда қарори дахлдори маҷлис қабул карда шуд. 


    Бозгашт