| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Дар маҷлиси ҳарҳафтаинаи назди Раиси Кумита
    Ахбор

    Дар маҷлиси ҳарҳафтаинаи назди Раиси Кумита

    22 ноябри соли равон маҷлиси навбатии ҳарҳафтаинаи раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба натиҷагирии фаъолияти сохторҳои мақомоти соҳавӣ дар ҳафтаи аз 15 то 19 ноябри соли 2021ва вазифаҳо барои ҳафтаи соли ҷорӣ баргузор гардид.

    Раиси Кумита Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон рӯзномаи маҷлисро ба иштирокдорон шинос намуда, сипас ҳисоботи таҳлили сардори Раёсати мониторинг ва сиёсати экологӣ, обуҳавошиносӣ ва кадастри Кумита Шукуров И. шунида шуд.

    Раиси Кумита Шерализода Б. А. оид ба камбудиву норасоиҳаи ҷойдошта дар корбарию коргузорӣ вобаста ба иҷрои саривақтию босифати мактубу ҳуҷҷатҳо, пешниҳоди ҳисоботҳо тибқи тартиби муқарраргардида, интизоми меҳнат ва дигар масъалаҳои ҷорӣ ибрози назар намуда, барои ислоҳи камбудиҳо ба масъулини дахлдор дастуру супоришҳои қатъӣ дода шуд.

    Ҳамзамон, дар маҷлис масъалаҳои такмил ва таҷдиди Низомномаи Кумита мавриди таваҷҷуҳ қарор дода шуд. Инчунин, фаъолияти раёсатҳо, шуъбаҳои назоратӣ оид ба кабудизоркунӣ ва ниҳолшинонӣ дар зерсохторҳои Кумита ва барои ҷамбасти фаъолияти 11-моҳаи Кумита супоришҳои мушахас дода шуд.

    Пас аз баёни фикру андешаҳо ва таклифу пешниҳодҳо қарори дахлдори маҷлис вобаста ба ҳамаи масъалаҳои баррасишуда қабул гардид.


    Бозгашт