Дар ҷаласаи навбатии ҳарҳафтаинаи раиси Кумита
25 октябр дар толори маҷлисии Кумита ҷаласаи навбатии ҳарҳафтаинаи раиси Кумита баргузор гардид, ки дар он натиҷаҳои фаъолияти дуҳафтаинаи мақомоти соҳавӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Дар қисмати аввали ҷаласа тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 сентябри соли 2021, №357, ҷиҳати такмилу таҷдиди сохтори Кумита ва талаботи Низомномаи нав фармоиш оид ба таѓйироти дохилии кадрӣ қироат карда шуда, як қатор кормандони собиқ ба бастҳои сохтори нав таъин гардиданд.
Сипас, аз рўи масъалаи рўзномаи ҷаласа и. в. сардори Раёсати мониторинг, сиёсати экологӣ, обуҳавошиносӣ ва кадастр Шукуров И. оид ба натиҷаҳои фаъолияти дуҳафтаинаи мақомоти соҳавӣ бо ҳисоботи таҳлилӣ баромад намуд.
Аз рўи масъалаи ҷаласа фаъолияти сохторҳои Кумита баррасӣ гардида, дар рафти он раиси Кумита эродҳои худро барои беҳтар намудани корбарию коргузорӣ, аз ҷумла таҳлили воқеӣ ва пешниҳоди мушаххаси ҳисоботҳо баён дошт.
Пас аз муҳокимаи масъалаҳо, таклифу пешниҳодҳо ва супоришҳои додашуда қарори дахлдори ҷаласа қабул карда шуд.