Дар ҷаласаи навбатии ҳарҳафтаинаи назди раиси Кумита
11 апрели соли ҷорӣ таҳти раёсати раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон ҷаласаи навбатӣ оид ба муҳокимаи масъалаҳои ҷории фаъолияти сохторҳои Кумита ва вазифагузориҳо барои ҳафтаи аз 11 то 15 апрели соли ҷорӣ баргузор гардид.
Дар ҷаласа оид ба масъалаҳои натиҷагирии фаъолияти Кумита дар семоҳаи якуми соли 2022, дар ин зимн пешниҳодҳо бо қарорҳои ҷаласаи мушовара, таҳлил ва пешниҳоди маълумоти семоҳа оид ба иҷрои Нақшаи доир намудан ва пахши барномаҳо дар телевизионҳои ҷумҳуриявӣ оид ба чорабиниҳои ҷашнии соҳавӣ ва аксияҳои экологӣ аз тарафи мақомоти маҳаллии ҳифзи муҳити зист, таҳлили баргузории давраинаи аксияҳои экологии “Тозагии маҳал”, “Тозагии соҳил” ва “Тозагии роҳ”, иҷрои бандҳои супоришҳои протоколӣ, нақшаҳои корӣ, масъалаҳои натиҷаи санҷиши аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар охири соли 2021 анҷомдодашуда ва дигар масъалаҳои ҷорӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор дода шуданд.
Дар охири ҷаласа вобаста ба ҳамаи масъалаҳои баррасигардида супоришҳо дода, қарори дахлдор қабул карда шуд.