| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Дар ҷаласаи навбатии ҳарҳафтаинаи Кумита
    Ахбор

    Дар ҷаласаи навбатии ҳарҳафтаинаи Кумита

    18 апрели соли ҷорӣ таҳти раёсати муовини якуми раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зити назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қиёмзода Зарафо Суфиҷон ҷаласаи навбатӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти сохторҳои Кумита дар ҳафтаи қаблӣ ва вазифагузориҳо барои ҳафтаи аз 18 то 23 апрели соли ҷорӣ баргузор гардид.

    Тибқи рӯзномаи ҷаласа оид ба натиҷаҳои фаъолияти ҳафтаинаи сохторҳои зертобеи Кумита сардори Раёсати мониторинг, сиёсати экологӣ, обуҳавошиносӣ ва кадастр Шукуров И. бо ҳисоботи таҳлилӣ баромад кард.

    Дар ҷаласа оид ба масъалаҳои ҷорӣ, аз ҷумла баланд бардоштани сатҳу сифати корбарию коргузорӣ, ошкоркунию чораандешӣ нисбат ба қонуншиканӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, аз ҷумла баланд бардоштани сатҳи маърифати экологии аҳолӣ бештар таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.

    Вобаста ба ҳамаи масъалаҳои баррасигардида супоришҳо дода, бо назардошти таклифу пешниҳодҳо ва нишон додани муҳлати иҷрои онҳо қарори дахлдор қабул карда шуд.


    Бозгашт