| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Дар ҷаласаи навбатии ҳарҳафтаинаи Кумита
    Ахбор

    Дар ҷаласаи навбатии ҳарҳафтаинаи Кумита

    6 феврали соли ҷорӣ таҳти раёсати муовини якуми раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қиёмзода Зарафо Суфиҷон ҷаласаи навбатии ҳафтаинаи Кумита баргузор гашт. Дар он фаъолияти раёсату шуъбаҳо, марказҳо, муассисаҳои илмӣ ва дигар сохторҳои зертобеи Кумита дар ҳафтаи сипаришуда ва вазифаҳо барои ҳафтаи ҷорӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

    Тибқи тартиби кори ҷаласа, сардори Раёсати мониторинг, сиёсати экологӣ, обуҳавошиносӣ ва кадастри Кумита Шукуров И. оид ба фаъолияти сорхторҳо бо ҳисоботи таҳлилӣ баромад намуд.

    Муовини якуми раиси Кумита Қиёмзода З. С. масъалаҳои ҷорӣ, аз ҷумла натиҷаҳои фаъолияти назоратӣ ва дигар самтҳои марбутаи соҳавиро дар ҳафтаи ҳисоботӣ мавриди таҳлили ҳамаҷониба қарор дода, дар баробари пурсишу масъалагузорӣ баҳри бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ба масъулони дахлдор супоришҳои мушаххас дод. Ичунин, оиди гузаронидани аксияҳои экологӣ дар ҷойҳо ва баррасӣ намудани масъалаҳои экологӣ тариқи аксия ва семинарҳо бо аҳолӣ супоришҳо доданд.

    Бо назардошти пурсишу пешниҳодҳо ва супоришҳои додашуда қарори дахлдори маҷлис қабул карда шуд. 

    IMG_2512.JPG IMG_2513.JPG                 


    Бозгашт