| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Дар ҷаласаи ҳарҳафтаинаи Кумита
    Ахбор

    Дар ҷаласаи ҳарҳафтаинаи Кумита

                                                                    

    DSC_0040.jpg

    6 марти соли ҷорӣ таҳти раёсати раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон ҷаласаи навбатии ҳарҳафтаинаи Кумита баргузор гашт. Дар он фаъолияти раёсату шуъбаҳо, марказҳо, муассисаҳои илмӣ ва дигар сохторҳои зертобеи Кумита дар моҳи феврали соли равон ва вазифаҳо барои ҳафтаи ҷорӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

    Тибқи тартиби кори ҷаласа, сардори Раёсати мониторинг, сиёсати экологӣ, обуҳавошиносӣ ва кадастри Кумита Шукуров И. оид ба фаъолияти сорхторҳо бо ҳисоботи таҳлилӣ баромад намуд.

    Раиси Кумита Шерализода Б. А. оид ба масъалаҳои ҷорӣ, аз ҷумла натиҷаҳои фаъолияти назоратӣ, аксияҳои экологӣ ва дигар самтҳои марбутаи соҳавиро мавриди таҳлил қарор дода, дар баробари пурсишу масъалагузорӣ баҳри бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ба масъулони дахлдор супоришҳои мушаххас дода шуд.

    Инчунин, аз вазъи муроҷиати шаҳрвандон тариқи телефонҳои боварӣ ва сомонаҳои иҷтимоӣ пурсон шуда, таъкид намуданд, ки рафти баррасии онҳо дар сатҳи зарурӣ роҳандозӣ карда шавад.

    Бо назардошти пурсишу пешниҳодҳо ва супоришҳои аз ҷониби раиси Кумита додашуда қарори дахлдори маҷлис қабул карда шуд.


    Бозгашт