| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Беҳбудии муҳити зист зери таваҷҷуҳи мақомот
    Ахбор

    Беҳбудии муҳити зист зери таваҷҷуҳи мақомот

                                                                    

    IMG_20230214_082640.jpg

    Дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо ҳузури Раҳимзода Толиб Карим, муовини Раиси шаҳри Душанбе вохӯрии масъулони Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе, шуъбаҳои ҳифзи муҳити зист дар ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Сино, Фирдавсӣ, Шоҳмансур ва маъмурияти КВД “Душанбенақлиёт хадамотрасон” баргузор гардид.

    Дар ҷараёни суҳбат, Раҳимзода Толиб, муовини Раиси шаҳри Душанбе таъкид намуд, ки бо мақсади иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дастур дода шуд, ки ҷиҳати баланд бардоштани маърифатнокии экологии ҷавонону наврасон дар муассисаҳои таълимӣ дар ҳамкорӣ бо Сарраёсати ҳифзи муҳити зист ва Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе корҳои таблиғотӣ роҳандоҳӣ карда шуда, таваҷҷуҳи хонандагон  пеш аз ҳама ба ташаббуси панҷуми Тоҷикистон дар бораи “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” эълон гардидани соли 2025 ва 21-уми  март ҳамчун “Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо”,  тақвияти корҳои ободонию созандагӣ, ниҳолшинонӣ, ба “шаҳри сабз” табдил додани пойтахт ва боло бурдани фарҳанги шаҳрнишинӣ ҷалб карда шавад.

    Гуфта шуд, ки бо таъсиси гурӯҳи корӣ дар муассисаҳои таълимӣ, тандурустӣ ва фарҳангӣ муқаррароти  риояи фасли 5-и “Қоидаҳои тартиботи ҷамъиятӣ, ободонӣ ва санитарӣ дар шаҳри Душанбе”, ки бо  қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе тасдиқ шудааст, тарғиб ва амалӣ карда шавад.

    Гузашта аз ин, ҷиҳати амалишавии ташаббуси Раиси шаҳри Душанбе дар бораи ба “шаҳри сабз” табдил додани пойтахти Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон-шаҳри Душанбе рӯзҳои шанбе ва якшанбе дар муассисаҳои таълимӣ, тандурустӣ, фарҳангӣ ва нақлиётӣ аксияҳои экологӣ бо инобати беҳбуд бахшидан ба вазъи экологӣ роҳандозӣ карда шавад.

    Масъулини болозикр муаззаф гардиданд, ки бо таҳияи нақша-чорабиниҳои муштарак ҷиҳати татбиқи Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии шаҳри Душанбе барои солҳои 2021-2025” чораҳои мушаххас андешида, дар таъмини фарҳанги экологӣ ва шаҳрнишинӣ ҳиссагузорӣ намоянд.


    Бозгашт