| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Баррасии масъалаҳо дар маҷлиси умумии Ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Ҳифзи муҳити зист»
    Ахбор

    Баррасии масъалаҳо дар маҷлиси умумии Ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Ҳифзи муҳити зист»


    23 июли соли равон дар бинои Дастгоҳи марказии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси умумии Ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Ҳифзи муҳити зист»-и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе баргузор гардид.

    Маҷлис бо сухани муқаддимавии раиси Ташкилоти ибтидоии «Ҳифзи муҳити зист»-и Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон оғоз гардида, пас аз хайрамақдам гуфтани раиси Ташкилоти ибтидоии ҲХДТ дар ноҳияи Синои ш. Душанбе Файзуллозода Заррина  5 масъала дар рӯзномаи маҷлиси умумии ташкилоти ҳизбии мазкур мавриди баррасӣ қарор дода шуда, вобаста ба онҳо қарорҳои дахлдор қабул гаштанд.

    Тибқи регламенти муқарраргардида  оид ба масъалаи якуми рӯзномаи маҷлис Салимзода Шамсулло котиби Ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Ҳифзи муҳити зист» аз натиҷаи фаъолияти Ташкилоти  номбурда  дар шашмоҳаи якуми  соли 2021 ва вазифаҳои минбаъдаи ташкилоти мазкур ҳисобот дод.

    Масъалаи дуюми рӯзномаи маҷлис дар бораи ба роҳбарӣ гирифтан ва дар амал татбиқ намудани қарорҳои Раёсати Кумитаи иҷроияи Марказии ҲХДТ аз 30 апрели соли 2021 ва қарорҳои раиси Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе буда, барои ворид намудани он ба қарори маҷлиси мавриди назар  ба инобат гирифта шуд.

    Масъалаи сеюми рӯзномаи маҷлис Дар бораи рафти татбиқи қарор ва Нақшаи чорабиниҳо оид ба омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар қарори маҷлис, бо ҳамовозии аъзои ташкилоти ҳизбии «Ҳифзи муҳити зист» тасдиқи худро ёфт.

    Аз рӯи масъалаи 4-уми рӯзномаи маҷлис  фаъолияти ташкилоти ибтидоии мазкур дар самти нишон додани вокунишҳо ва пешбурди корҳои таблиғотӣ ва иттилоотӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд.

    Аз рӯи масъалаи 5-уми рӯзномаи маҷлис  масъалаҳои ҷорӣ баррасӣ карда шуданд.

    Дар интиҳо Файзуллозода З. раиси ташкилоти ибтидоии ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе суханронӣ намуда, фаъолияти ташкилотии ҳизбии Кумитаро дар давраи ҳисоботӣ мусбат арзёбӣ намуда, барои фаъолияти пурсамари ин ташкилот раисикунандаи он Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон дар фазои тантанавӣ бо Ифтихорнома сарфароз гардонида шуд.

    Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Ҳифзи муҳити зист»-и Кумита Шерализода Б. А. суханронӣ намуда, омодагии ташкилотро барои боз ҳам беҳтару хубтар ба роҳ мондани фаъолияти оинномавӣ изҳор дошт.

    Бо назардошти баромадҳо ва таклифу пешниҳодҳои додашуда аз рӯи ҳамаи масъалаҳои баррасигардидаи рӯзномаи маҷлис қарор қабул карда шуда, мавриди корбарӣ қарор дода мешаванд.



    Бозгашт