| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Баррасии ислоҳоти Кигалӣ ба Протоколи Монреал дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ
    Ахбор

    Баррасии ислоҳоти Кигалӣ ба Протоколи Монреал дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ

    2 марти соли ҷорӣ дар бинои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласа оид ба баррасии ислоҳоти Кигалӣ ба Протоколи Монреал баргузор гардид.

    Дар баррасии масъалаи мазкур муовини якуми раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қиёмзода Зарафо иштирок ва маърӯза намуд.

    Тавре мавсуф қайд кард Конвенсияи Вена дар бораи ҳифзи қабати озон соли 1985 таҳти сарпарастии барномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба муҳити зист қабул гардид ва аввалин кӯшише барои ҳамкориҳо дар соҳаи муҳофизати қабати озон буд.

    Ҷумҳури Тоҷикистон 4 ноябри соли 1995 ба Конвенсияи Вена дар бораи ҳифзи қабати озон, 13 ноябри соли 1997 бошад ба Протоколи Монреал оид ба моддаҳои вайронкунандаи қабати озон - Тасҳеҳи Лондон ҳамроҳ гардид.

    Ёдовар мешавем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон Протоколи Монреал ва ҳама ислоҳотҳои қаблан ба он воридкардашударо ба тасвиб расонида, уҳдадориҳои байналмилалии худро пурра иҷро карда истодааст.

    Ислоҳоти Кигали - созишномаи байналмилалӣ барои ҳамаи ҷонибҳои Протоколи Монреал ва ислоҳҳои он ҷиҳати иҷро ҳатмӣ мебошад.

    Бо назардошти ин, аз тарафи вакилон Ислоҳоти Кигалӣ ба Протоколи Монреал оид ба моддаҳои вайронкунандаи қабати озон ба овоз гузошта шуд.


    Бозгашт