| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Баргузории мизи мудаввар дар мавзуи “Натиҷаҳои бадастоварда дар ҳошияи Конфронси 27-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим”
    Ахбор

    Баргузории мизи мудаввар дар мавзуи “Натиҷаҳои бадастоварда дар ҳошияи Конфронси 27-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим”                         

    6 декабри соли ҷорӣ дар меҳмонхонаи “Ҳилтон” бо иқдоми Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид оид ба “Натиҷаҳои бадастоварда дар ҳошияи Конфронси 27-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим” мизи мудаввар баргузор гардид.

    Ҳадафи асосии мизи мудаввари мазкур муаррифии натиҷаҳои бадастоварда дар ҳошияи Конфронси 27-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим ва инъикоси қарорҳои Нақшаи татбиқи Шарм-уш-Шайх мебошад.

    Дар чорабинии мазкур аз ҷониби намояндагони Кумита рӯйнамо пешкаш гардид, ки дар он натиҷаҳои бадастовардаи зеррин матраҳ гардиданд:

    -Таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба осебпазирии баланди ҷумҳурӣ ба паёмадҳои тағйирёбии иқлим ва ҷалби бештари сармоягузорӣ барои мутобиқ гардонидани соҳаҳои калидии иқтисодиёти кишвар ба тағйирёбии иқлим, инчунин эълон намудани соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ва таъсиси «Фонди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»;

    - Мубодилаи таҷриба, табодули дониши мутахассисон, коршиносон дар самтҳои гуногун ва дар ҳама сатҳҳо, ғояҳо оид ба такмили сиёсати иқлимӣ  ва татбиқи амалии он;

    - Баргузории 21 чорабинии канорӣ оид ба мавзуъҳои афзалиятноки миллӣ ва мавзуъҳои марбут ба конфронс дар ҳамкорӣ бо Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид, инчунин Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид, Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ, Агентии Оғохон “Ҳабитат”, Ҷамъияти ҳамкориҳои байналмилалии Олмон, Созмони Байналмилалии Муҳоҷират, Вазорати муҳити зисти Ҷумҳурии Арманистон, Фонди байналмилалии наҷоти Арал, Гурӯҳи кишварҳои тараққикунандаи маҳсур дар хушкӣ, Маркази минтақавии экологии Осиёи Марказӣ ва Созмони умумиҷаҳонии метеорологӣ.

    Дар чорабинии мазкур раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур ва намояндаи доимии Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ленни Монтиел иштирок ва суханронӣ намуданд. Инчунин, дар чорабинӣ муовини якуми Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоимзода Ҷамшед, Сафири Фавқулода ва Мухтори Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Тимоти Маршалл Ҷонс, директори кишварии Ҷамъияти ҳамкориҳои байналмилалии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сабине Олтхоф, намояндаи Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Олег Гучгелдиев, директори намояндагии Агентии рушди байналмилалии Иёлоти Муттаҳидаи Америка дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Питер Райли, директори намояндагии Агентии Оғохон “Ҳабитат” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Наваб Али Хан, роҳбари намояндагии Созмони байналмилалии муҳоҷират Кристина Георге Транка ва дигарон иштирок намуданд.

    IMG_0545.JPG IMG_0560.JPG IMG_0563.JPG 

      


    Бозгашт