| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Баргузории аксияи навбатии “Тозагии соҳил” дар шаҳри Хуҷанд
    Ахбор

    Баргузории аксияи навбатии “Тозагии соҳил” дар шаҳри Хуҷанд

    16 октябри соли 2021 бо ташаббуси шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд, тибқи наҷшаи чорабиниҳо оид ба баргузории аксияи “Тозагии соҳил-2021”, аз ҷумла “Дар бораи эълон намудани 1300 рӯзи меҳнати зарбдор ба истиҷболи 30-солагии Истиҷлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар ҳамкорӣ бо Маҷомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд  аксияи “Тозагии соҳил” дар шаҳри Хуҷанд гузаронида шуд.            

    Дар рафти аксияи мазкур коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд, Маркази бемориҳои дил ва ҷарроҳии дилу рагҳои вилояти Сущд, кӯдакистони Президентӣ, беморхонаи Физиотерапевтии Ҷумҳуриявӣ дар вилояти Сущд ва Литсейи касбии политехникии шаҳри Хуҷанд иштирок намуданд.

    Шумораи иштирокдорон  350 нафарро ташкил дода, аз соҳили дарё, алафҳои бегона дар  ҳудуди 1320 м2, тоза намудани ҳудуди майдонҳо аз алафҳои бегона 975,0 м2, дар натиҷа 5,5м3 партови ҳосилшуда аз тарафи КВДК “Хизматрасони наҷлиёти санитарӣ”-и шаҳри Хуҷанд ба партовгоҳи умумишаҳрӣ бароварда шуд.

    Дар ин самт аз тарафи шуъбаи ҳифзи муҳити зисти маҳал баҳри тоза ва озода нигоҳ доштани шаҳр корҳои тозагӣ идома дорад.

     


    Бозгашт