| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Баргузории аксияҳои экологӣ дар шоҳроҳи Норак-Данғара
    Ахбор

    Баргузории аксияҳои экологӣ дар шоҳроҳи Норак-Данғара          

    Баҳри дар сатҳи зарурӣ ҷашн гирифтани идҳои миллию байналмилалӣ, аз ҷумла таҷлили  Иди байналмилалии “Наврӯз” ва “Рӯзи умумиҷаҳонии об”, санаи 11 марти соли 2023 бо ташаббуси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аксияҳои “Тозагии соҳил”, “Тозагии маҳал” ва “Тозагии шоҳроҳ” ташкил ва гузаронида шуд. Аксияҳои гузаронидашуда аз нақби шаҳри Норак то ноҳияи Данғара ба масоҳати 35 км-ро дар бар гирифт.

    Дар он кормандони дастгоҳи марказии Кумита ва зертобеи он, мақомоти ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Норак ва ноҳияи Данғара, кормандони ҷамоатчигӣ иштироки фаъол намуданд. Иштирокдорон бо дастпӯшакҳои муҳофизатӣ таъмин гардида, ду тарафи шоҳроҳ ва соҳилҳои каналҳои обгузарро аз ҳаргуна партовҳо тоза намуда, партовҳоро дар халтаҳои махсус ҷамъоварӣ намуданд. Инчунин, бехи дарахтони қади шоҳроҳ нарм гардида, шохаҳои хушки онҳо тоза карда шуданд.

    Дар натиҷа беш аз 20 м3 партовҳои ҷамъшударо бо воситаи техникаҳои боркаш ба партовгоҳҳои расмии минтақаҳо интиқол доданд.

    IMG_7890.jpg IMG_7888.jpg IMG_7897.jpg  IMG_7935.jpg IMG_7997.jpg IMG_8007.jpg 

                       


    Бозгашт