| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Ба ифтихори Иди Наврӯз тозагии шаҳраку маҳаллаҳо таъмин мегардад.
    Ахбор

    Ба ифтихори Иди Наврӯз тозагии шаҳраку маҳаллаҳо таъмин мегардад.         

                                                                    

    IMG_0525.jpg

    Бо мақсади таъмини тозагии назди биноҳои баландошёна, ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳо, тақвияти корҳои ободонию созандагӣ, сабзазоркунӣ, гулшинонӣ ва баланд бардоштани маърифат ва тарбияи экологии аҳолӣ, риояи фарҳанги шаҳрнишинӣ гурӯҳи таблиғотии Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе бо сокинони маҳаллаи Зарафшон ва масъулони ТҒ ШИСМ “Зарафшонкоммунал-116”-и ноҳияи Сино вохӯрӣ доир намуд.

    Дар ҷараёни вохӯрӣ, мутахассисони Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе таъкид намуд, ки бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани иди баҳору Наврӯз тозагии гирду атрофи биноҳои баландошёна, новаҳои обгузар, сари вақт баровардани партовҳо аз шахтаҳо, гузаронидани корҳои дезинфексионӣ зери назорат қарор дода шуда, гузаронидани аксия ва ҳашарҳои умумишаҳрӣ ба нақша гирфта шудааст.

    Директори “Зарафшонкоммунал-116” зимни суханрониаш зикр намуд, ки дар ҳамбастагӣ бо аҳолии маҳаллаи Зарафшон ҷиҳати таъмини ҳифзи муҳити зист, солимгардонии табиат ва баланд бардоштани маърифатнокии экологии аҳли ҷомеа дар ҳамкорӣ бо Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе суҳбат ва корҳои фаҳмондадиҳӣ пайваста гузаронида мешавад.

    Ҳамзамон сокинон суханони нотиқонро пуштибонӣ намуда, иброз намуданд, ки ба ифтихори таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз барои ободонию созандагии маҳалли зист дастҷамъона ҷидду ҷаҳд менамоянд.


    Бозгашт