| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Аз тарафи Кумита ба Мактаби махсуси ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе кумаки навбатии ғизоӣ ва хоҷагӣ расонида шуд
    Ахбор

    Аз тарафи Кумита ба Мактаби махсуси ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе кумаки навбатии ғизоӣ ва хоҷагӣ расонида шуд

    Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи дастуру ҳидоятҳои наҷибонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои расонидани кумаки моддӣ ба шахсони эҳтиёҷманд иқдом гирифта, ҳамасола ба тарбиятгирандагони Мактаби махсуси ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе кумаки моддӣ мерасонад.

    Ба муносибати Иди байналмилалии Наврӯз аз ҳисоби маблағҳои махсуси Кумита ба маблағи 3250 сомонӣ маводҳои ғизоӣ ва ба маблағи 15787 сомонӣ маводҳои хоҷагӣ харидорӣ гардида, ба Мактаби мазкур дастрас карда шуд.

    Маводҳои ғизоӣ, аз қабили 100 кг картошка, 100 кг пиёз, 50 кг сабзӣ, 20 кг гӯшт, 40 кг биринҷ ва маводҳои хоҷагӣ, аз ҷумла 2 адад микроволновка KUMTEL, 5 кастрюлҳо, 4 адад сковородкаҳои гуногунҳаҷм, дигар зарфҳои ошхонавӣ ва таҷҳизоти зарурӣ аз ҷониби Кумита ба таълимгоҳи мазкур расонида шуд.

    Роҳбарияти Кумита тасмим гирифтааст, ки минбаъд низ ба муассисаи мазкур кумаки ғизоиву хоҷагидориро расонад.


    Бозгашт