| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Аёдати собиқадори соҳаи ҳифзи муҳити зист дар арафаи Соли Нави мелодӣ
    Ахбор

    Аёдати собиқадори соҳаи ҳифзи муҳити зист дар арафаи Соли Нави мелодӣ

    28 декабри соли равон кормандони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар доираи татбиқи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи иҷтимоии нафақахӯрон ва собиқадорон, ба хонаи собиқадори меҳнат Завялова Капитолина Степановна ташриф оварданд.

    Бояд қайд кард, ки аз сини хурдӣ ин собиқадори меҳнат дар хизмати халқу ватан буданд. Дар синни 10-солагӣ маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанииро, ки аз Фронт ба Тоҷикистон равон мекарданд, барои табобат нигаҳбониашон мекарданд. Баъдан солҳои зиёд дар соҳаи ҳифзи  муҳити зист кору фаъолият карданд.

    Кормандони Кумита аз вазъи саломатии собиқадори меҳнати Кумита Завялова К. С. пурсон шуда, ӯро бо Соли Нави мелодии 2022 табрику таҳният намуданд. Дар навбати худ, Завялова К.С. аз самими қалб намояндагони Кумитаро барои таваҷҷуҳу табрикот ва расонидани кумаки моддӣ ба он кас, сипосгузорӣ намуданд.

    Нафароне, ки солҳои қабл дар соҳаи ҳифзи муҳити зист бо мавсуф кору фаъолият намудаанд аз ӯ инсони  меҳнатдӯсту самимӣ ва накухислат  ном мебаранд.  Завялова К.С. ҳарчанд рустабор аст, ба фарҳангу суннатҳои миллии мардуми тоҷик эҳтироми хос  мегузорад. Ин аст, ки ҳар сол дар таҷлили Наврӯз ба Кумита қадам ранҷа намуда, бо кормандони он якҷо сари хони Наврӯзӣ нишаста, аз кору фаъолияти гузаштаи худ бо ҷавонон қиссаҳо мекунад. 

    Бозгашт