Ҷамъомади кормандон бахшида Рӯзи Ғалаба дар ҶБВ
8 майи соли 2024 дар бинои дастгоҳи марказии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 79-умин солгарди Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ солҳои 1941-1945 ҷамъомади аҳли кормандон баргузор гардид.
Зитмни суханронии худ муовини якуми раиси Кумитаи мазкур Қиёмзода Зарафо Суфиҷон ҳозиринро ба ин санаи таърихӣ табрику муборакбод намуда, далерию шуҷоатии ҳамватанони мо, ки баҳри садоқату дӯстдории ин марзу бум ва миллати воҳид дар майдонҳои набард қаҳрамонӣ ва ҷоннисорӣ намудаанд, ёддоварӣ карда шуд.
Дар ҷамъомад зикр гардид, ки имрӯз ҷавонони мо чун гузаштагони пурифтихори худ, баҳри ҳифзи сарзамини аҷдодӣ дар сафи қувваҳои мусаллаҳи кишвари соҳибистиқлол қарзи фарзандии хизмат ба Модар-Ватанро сарбаландона адо намуда истодаанд.
Ҳарчанд солҳо моро аз ин рӯдоди таърихӣ дур мебарад, аммо ҷоннисориҳои қаҳрамон-фарзандони шуҷоъу далер баҳри ҳифзу ҳимояи Ватан аз ёду хотираи мо зудуда намегардад-гуфта шуд зимни суханронии нотиқон.
Мувофиқи маълумотҳои мавҷуда дар ҷанги дуюми ҷаҳонӣ беш аз 72 давлати хурду бузурги олам ширкат варзида, доманаи амалиётҳои ҳарбӣ ба ҳудуди 40 давлати ҷаҳон вусъат ёфтанд. Дар набардҳои ҷанг зиёда аз 260 ҳазор нафар Тоҷикистониён дар қатори дигар даъватшудагони собиқ ҷумҳуриҳои шӯравӣ иштирок намудаанд.
Аз таърих сабақ андухтани насли ҷавон барои расидан ба қадри тенҷию оромӣ ва сарҷамъии сартосарӣ мусоидат мекунад.