| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Ҷамъбасти озмуни “Тирамоҳи заррин” аз ҷониби кормандони ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ
    Ахбор

    Ҷамъбасти озмуни “Тирамоҳи заррин” аз ҷониби кормандони ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ

    Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо ибтикори шуъбаҳои ҳифзи муҳити зист ва маориф, дар асоси “Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, миёни хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия озмуни “Тирамоҳи заррин” гузаронида шуд.

    Тадбири мазкур бо мақсади фаъол гардонидани кори маҳфилҳо ва дигар иттиҳодияҳои кӯдакон дар самти омузиши табиати зебои диёр, бунёдкорӣ ва ғани гардонидани ҷаҳони маънавии насли наврас, нигоҳубин ва ҳифзи муҳити зист, инкишофи шахсияти эҷодкор, муайян ва дастгирӣ намудани хонандагоне, ки майл ба фаъолияти тадқиқотӣ ва амалӣ оид ба муҳити зистро доранд, ташаккули тарбия ва маърифати экологии муҳассилин роҳандозӣ карда шуда, дар он хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия бо омодагии худ ширкат варзиданд.

    Дар озмуни ноҳиявии “Тирамоҳи заррин” хонадагони муассисаҳои таълимӣ ба таври гурӯҳӣ, вобаста ба шартҳои муқарраргардидаи озмун намоишгоҳ аз маводи табиӣ, намунаҳо аз маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ, маҳсули ихтироъкардаи худро бо истифодаи партовҳо, стенду лавҳаҳо бахшида ба фаъолияти нозирони сабз, суратҳои ранга ва ороиши дастархон, ҳунару сатҳи табиатдустиашонро ба ҳайъати доварон нишон доданд.

    Аз рӯи натиҷаи шартҳои озмун дастаҳое, ки се ҷои аввалро соҳиб гардиданд ғолиб дониста шуда, бо ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравии шуъбаи Хифзи муҳити зисти ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ сарфароз гардонида шуданд.

     


    Бозгашт