| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Ҷамъбасти озмун байни толибилмон  дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ
    Ахбор

    Ҷамъбасти озмун байни толибилмон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ

    Бо ташаббуси шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар ҳамкорӣ бо шуъбаи маорифи ноҳия таҳти унвони "Оқибатҳои зарари партовҳо аз ҷумла партовҳои пластикӣ ба муҳити зист " озмуни ноҳиявӣ баргузор карда шуд, ки дар он хонандагони муассисаҳои таълимӣ аз рӯи се дараҷаи синну сол ширкат варзиданд.

    Тадбири мазкур бо мақсади татбиқи сиёсати давлатии экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои нақшаи-чорабиниҳои "Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоикистон барои солҳои 2021-2025", ташвиқу тарғиби моҳияти Даҳсолаи байналмиллалии амал "Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028" гузаронида шуд.

    Дар он муҳассилин аз рӯи номинатсияҳои расми беҳтарин, шеъру ҳикоя, суруд, беҳтарин видеоролик барои синфҳои 10 ва 11, ҳамчунин номинатсияи кори меъмории беҳтарин ҳунару маҳорати худро нишон доданд.

    Мутасаддиён ҳадафу натиҷаи баргузории озмунро, дар тарбияи экологии кӯдакон, наврасону ҷавонон ва ташаккули мавқеи фаъоли мактаббачагон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, дар замири кӯдакон ташаккул додани муносибати эҳтиёткорона нисбат ба муҳити зист, ҷалб намудани хонандагон ба ҳалли муаммоҳои экологӣ дар кори муассисаҳои таълимии ноҳия маънидод намуданд.

    Дар озмун табиатдӯстони наврас намунаҳои кори худро муаррифӣ карда, ҳамчунин дар ҳузури аъзои ҳакамон ҳунару маҳорати худро аз рӯи шартҳои пешниҳодгардида нишон дода, баҳои баланд гирифтанд ва беҳтаринҳо бо ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.

      


    Бозгашт