| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Амалҳои баланд бардоштани дониши экологӣ
    Ахбор

    Амалҳои баланд бардоштани дониши экологӣ

    Бо ташаббуси Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилдояти Суғд дар толори Маркази таҳсилоти иловагии вилоят бо муовинон ва масъулини равияи «Табиатдӯстон»-и муассисаҳои таҳсилоти иловагии шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Истиқлол, Гулистон, Бӯстон, Истаравшан, Б.Ғафуров, Деваштич, Зафаробод, Шаҳристон, Ашт, Мастчоҳ, Ҷ.Расулов семинари омӯзишӣ ташкил ва баргузор гардид. Семинари мазкур бо мақсади муфассал шинос намудани муовинону масъулини шуъбаҳои табиатшиносони ҷавон, экология ва ҳифзи муҳити зисти марказҳои таҳсилоти иловагии шаҳру ноҳияҳо бо «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 - 2025», дуруст таҳия намудани ҳисобот дар муҳлатҳои муайянгардида ва гузаронидани пурсиши сотсиологӣ байни кормандони марказҳои таҳсилоти иловагӣ. Ба ҳамаи иштирокдорон китобчаи барнома, ду нашри охирони рӯзномаи соҳавии «Инсон ва табиат» ва саволномаи сотсиологӣ дастрас гардида, дар бораи усул ва воситаҳои гузаронидани тадқиқот оид ба муайян намудани сатҳи маърифати экологии аҳолӣ мушаххас фаҳмонида дода шуд. Дар баробари ин ба сарвари Маркази таҳсилоти иловагии вилоят ду ҷилд Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим гардид.

    Баргузории семинари омӯзишии мазкур минбаъд, барои вусъат бахшидани раванди иҷрои бандҳои нақшаи чорабиниҳои Барномаи давлатӣ дар соҳаи маориф, ба тартиб овардани пешниҳоди ҳисоботу маълумот аз ҷиҳати муҳлат ва сифат, дар маҷмӯъ ҳамкориҳои судманд дар болоравии маърифати экологӣ саҳми назаррас мегузорад.

    IMG_20230228_101157.jpg IMG_20230228_120821.jpg                   


    Бозгашт