| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Ҷаласаи сеюми Кумитаи ҳамоҳангсози БРСММ
    Ахбор

    Ҷаласаи сеюми Кумитаи ҳамоҳангсози БРСММ

    Рӯзи 28 январи соли 2022 дар бинои меҳмонхонаи «АТЛАС» ҷаласаи сеюми Кумитаи ҳамоҳангсози БРСММ дар доираи лоиҳаи “Баровардани пурраи Гидрохлорфторкарбонҳо (ГХФК) аз муомилот дар Тоҷикистон бо роҳи ворид кардани технологияи бе иқтидори вайронкунандаи қабати озон ва иқтидори ками гармшавии иқлим” баргузор гардид.

    Дар ҷаласаи мазкур намояндагони мақомоти давлатӣ ва бахши хусусӣ, ки бо танзим ва истифодаи моддаҳои вайронкунандаи қабати озон сару кор доранд, иштирок намуданд.

    Дар ин ҷамъомад аз рафти корҳои иҷрошуда дар соли 2021 ҳисобот шунида шуда, аз тарафи Кумитаи ҳамоҳангсоз нақшаи корӣ барои соли 2022 тасдиқ карда шуд.

    Аз ҷониби Кумитаи ҳифзи муҳити зист иҷрокунандаи муовини сардори раёсати назорати давлатии истифода ва ҳифзи ҳавои атмосфера Судуров С.С дар иштирок намуда, оид ба корҳои иҷрошуда дар доираи лоиҳаи зикршуда суханронӣ намуд.

       


    Бозгашт