| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Аксияи «Тозагии шоҳроҳ» дар шаҳри Истаравшан
    Ахбор

    Аксияи «Тозагии шоҳроҳ» дар шаҳри Истаравшан

                                                                    

    изображение_viber_2023-02-02_12-08-11-197.jpg

    Бо мақсади тозаву обод намудани маҳалли зист ва таъмини беҳдошти солимии ҷомеа, баҳри иҷрои фармоишҳои Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд «Дар бораи баргузор намудани аксияҳои «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» дар шоҳроҳи Душанбе – Чаноқ, ҷамоати деҳоти Зарҳалол ва Пошкент аксияи «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуд. Дар он кормандони масъули идораи кишоварзӣ, маркази назорати давлатии санитариву эпидемиологии шаҳр, волонтёрони муассисаҳои таълимии миёнаи умумӣ ва аҳолӣ, ҳамагӣ 300 нафар иштирок доштанд. Рафти чорабинӣ партовҳои бесоҳиб дар ҳаҷми 7 метри мукааб ба партовгоҳи расмӣ интиқол дода шуда, рафти чорабинӣ тариқи телевизионҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ инъикос карда шуд.

    Тибқи нақшаи бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Истаравшан баргузории аксияҳо дар маҳаллаҳои аҳолинишин ва ҷойҳои ҷамъиятӣ дар назар аст.

    Бозгашт