| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Аксияи “Тозагии маҳал” ва “Тозагии роҳ” дар ноҳияи Рӯдакӣ
    Ахбор

    Аксияи “Тозагии маҳал” ва “Тозагии роҳ” дар ноҳияи Рӯдакӣ                                                                      

    ч гулистон шохрох.jpg

    Шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Рӯдакӣ тибқи нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани 31 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди ҷамоатҳои деҳоти Сарикиштӣ, Гулистон ва Чоргултеппаи ноҳияи мазкур аксияҳои “Тозагии маҳал” ва «Тозагии роҳ»-ро баргузор намуд.

    Аз ҷумла, дар ҷамоати деҳоти Сарикиштӣ бо иштироки 30 нафар сокинон 700 метр роҳҳои пиёдагард аз хасу хошок ва буттаҳои худрӯй тоза карда шуда, ба миқдори 3,5 м3 партовҳо бароварда шуданд.

    Дар ҷамоати деҳоти Гулистон бошад, 40 нафар иштирок намуда, бо дарозии 400 метр кӯчаҳои деҳа аз партовҳо тоза ва 3 м3 партовҳо бароварда шуданд.

    Дар ҷамоати деҳоти Чоргултеппа 60 нафар сокинони маҳалла иштирок намуда, 2000 метр шафати роҳи пиёдагарди деҳаи Саховат аз алафҳои бегона ва хасу хошок тоза 4 м3 партовҳо ба партовгоҳи расмии ноҳия интиқол дода шуданд.

    Ҳамзамон, дар ҳудуди ноҳия аксияи «Тозагии шоҳроҳ» низ гузаронида шуда, ду шафати шоҳроҳи Душанбе-Ваҳдат ба масофаи 2200 метр аз хасу хошок, буттаҳои худрӯй ва партовҳои пластикӣ ва полиэтиленӣ тоза карда шуд.


    Бозгашт